Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Вокуниши Андаробӣ ба гузориши Ғанӣ: Низомро Муҳибу Покистон ба Ҳаққонӣ таслим карданд

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Вазири пешини умури дохилаи Афғонистон дар вокуниш ба гузориши гурези раисҷумҳури пешини ин кишвар навиштааст, ки низомро мушовири амнияти миллии пешин ва Покистон ба гурӯҳи Ҳаққонӣ таслим карданд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Масъуди Андаробӣ, вазири умури дохилии собиқи Афғонистон дар баргаи рухномааш дар вокуниш бар гузориши Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар навишт: "Гузориши оқои Санҷар Суҳайл аз фирори Ғаниро хондам. Як мавзуъ, ки дар ин ёддошт шояд умдатан баҳс нашуда ва ё манбаъ мумкин ба он дастрасӣ надоштааст, тамосҳои мудовими Ҳамдуллоҳ Муҳиб бо Халил Ҳаққонӣ аст".
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар додааст.
Вай афзуд, дар ҳамон рӯзе, ки оқои Салом Раҳимӣ ва Матин Бек бо Қатар дар тамос буданд ва ба мувофиқа расиданд, ки “Толибон”* вориди Кобул нахоҳанд шуд, Раҳимӣ аз “Толибон”* дархост кард, ки баёнот пахш кунанд ва “Толибон”* дарҳол изҳорот аз Қатар интишор карданд. Ӯ гуфт: "Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ бо Халил Ҳаққонӣ чанд маротиба тамос гирифт ва ҳатто як бор барои мулоқот бо Халил Ҳаққонӣ. Дидору мулоқот дар яке аз минтақаҳо дар наздикии Кобул ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар Ҳамдаллоҳ Муҳиб тарҷеҳ додааст, ки аз тариқи телефон ба ҳамоҳангҳо идома диҳанд".
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни ДОИШ* идома дорад
Дар поён вазири пешини умури дохилаи Афғонистон навиштааст, ки мутмаин ҳастем, ки ин бахш аз он фирор ва чигунагии таслими нангини низом ба гурӯҳи Ҳаққонӣ бо ҳамдасти ва васотати Муҳиб ва Покистон баъдтар низ ифшо мешавад.
Бояд гуфт, дирӯз рӯзномаи "Ҳашти субҳ" дар бораи фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо чаҳор чархбол ба Ӯзбекистон навишта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала