Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Таъйини беш аз 30 масъули нав дар ҳукумати "Толибон"*: Онҳо киянд?

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
"Толибон"* сарфи назар аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули ҳукумати нави Афғонистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон 34 ҷангҷӯйи дигарро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард. Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар "Twitter" хабар додааст.
Қаблан ин шабакаи иҷтимоӣ бинобар нашри ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Кобул саҳифаи ӯро масдуд карда буд, аммо пас аз чанде намояндаи радикалҳо боз ба он дастрасӣ пайдо кард.
Сарфи назар аз дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ин бор ҳам вазифаҳои ҳукуматиро паштунҳо ишғол карданд.
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
Муҷоҳид гуфтааст, ки ба мақомҳои нав ҷангҷӯёни соҳиби унвонҳои мазҳабӣ таъйин шудаанд.
Дар байни онҳо чаҳор қорӣ (қироъаткунандагони Қуръон), 16 мулло (рӯҳониёне, ки мадраса хатм кардаанд) ва 14 мавлавӣ (муллоҳое, ки маълумоти махсуси динӣ гирифтаанд) ҳастанд.
Онҳо дар вазифаҳои вазири шаҳидон ва маъюбон, муовини сиёсии нахуствазир, роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон кор хоҳанд кард.
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
“Ҳаҷро ҳам манъ мекардем”: Хашми “Толибон” бар Саудӣ ва таҳрими ду ТВ-и бритониёӣ
Аксарияти ҷангҷӯён ба вазифаҳои волӣ ва муованати волиҳои музофотҳои Афғонистон таъйин шудаанд.
Ҳамин тавр "Толибон"* бори дигар яке аз шартҳои калидии эътирофи ҳукумати худро дар ҷаҳон нодида гирифтанд. Илова бар ин онҳо ба ваъдаи худ дар бораи ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кардани занон ваъдахилофӣ карданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала