Аврупоиҳо мегӯянд, гурезаҳои Афғонистонро бояд Амрико бечуну чаро қабул кунад

© REUTERS / Saeed Ali AchakzaiСемья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте "Ворота дружбы" в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Семья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Испания, Италия ва Фаронса бар ин боваранд, ки Амрико барои иштибоҳи худ бояд шаҳрвандони Афғонистонро бидуни ягон шарт қабул кунад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ширкати "Ifop" махсус барои Sputnik миёни шаҳрвандони Аврупо як назарсанҷӣ бобати хуруҷи нерӯҳи Амрико ва тақдири минбаъдаи мардуми Афғонистон анҷом дод
Назарсанҷӣ аслан миёни шаҳрвандони кишварҳои ғарби Аврупо баргузор карда шуд.
Қариб нисфи немисҳо (49 фоиз), фаронсавҳо (34 фоиз), итолиёҳо (36 фоиз) шаҳрвандони Британия(40%), ва 41 фоизи испаниҳо бар ин назаранд, ки ҳамлаи соли 2001 ба Афғонистон хато буд.
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Амрико: ҳузури дипломатикии мо дар Афғонистон пас аз 31 август поён меёбад
Як қисмати муайяни пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки ҳамлаи Амрико ба Афғонистон диди онҳоро нисбати ин кишвар комилан дигаргун кард.
Дар ҳамин ҳол шумораи зиёди иштирокдорони назарсанҷӣ чунин изҳори назар намуданд, ки Амрико барои иштибоҳи худ, бояд гурезаҳои афғонистонро бидуни дудилагӣ пазирад ва дар кишвари худ ҷо диҳад.
Бояд гуфт, ки дар назарсанҷӣ 5032 мусоҳиб аз Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир, Италия ва Испания ширкат варзиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала