Ҳафт ҷудокори ҷавони тоҷик барои қаҳрамонии ҷаҳон дар Итолиё зӯрозмоӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафт ҷудокори ҷавони тоҷик барои унвони қаҳрамони ҷаҳон сабқат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон рӯзҳои 6 - 9 октябр дар шаҳри Олбияи Итолиё баргузор мешавад.
Кумитаи миллии олимпӣ бо такя ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки дар ин қаҳрамонӣ 504 варзишгар, аз ҷумла 292 писар ва 212 духтар аз 73 давлат ширкат хоҳанд кард.

Дар феҳрасти намояндагони Тоҷикистон Абубакр Шеров дар вазни 66 кило, Анушервон Қувватов дар вазни 66 кило, Саидраҳим Раҳимов дар вазни 81 кило, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни 81 кило, Раҳматуллоҳ Мирзоев дар вазни 90 кило, Эмомризо Анварзода дар вазни 100 кило ва Мансур Раҳмон дар вазни 100 кило ном бурда шудаанд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Ҷудокорон барои Ҷоми Президент ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ зӯрозмоӣ мекунанд
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки рӯзи аввал - 6 октябр қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг миёни духтарон, -60кг, -66кг миёни писарон баргузор мегардад.
Рӯзи 7-уми октябр духтарон дар вазнҳои -57кг, -63кг ва писарон дар вазни -73кг сабқат мекунанд.
"Рӯзи 8-ум октябр зӯрозмоии духтарон дар вазни -70кг, писарон дар вазнҳои -81кг, -90кг, 9 октябр сабқати духтарон дар вазнҳои -78кг, +78кг ва писарон дар вазнҳои -100кг, +100кг дар назар аст",-хабар дод Кумита.
Манбаъ зикр кардааст, ки соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ӯ ҳамчунин соли 2017 дар Загреби Хорватия медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур Раҳимов низ соли 2017 дар вазни -100кг сазовори медали биринҷӣ гардид, хотиррасон намуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0