Саодати оилавӣ ва нерӯи беинтиҳо: Кишвардорони ОМ ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ таманно карданд?

© Facebook / пресс-секретарь президента Казахстана Берик УалиВстреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря
Встреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муноисбати зодрӯзаш муборакбод гуфтанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Кишвардорони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 69-умин зодрӯзаш номаҳои шодбошӣ равон кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Мирзиёев Раҳмонро пешвои асил хонд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи табрикиаш Эмомалӣ Раҳмонро ходими намоёни давлатӣ ва мояи эҳтироми беандоза гуфт.
Дар баробари ин Мирзиёев аз саҳми Раҳмон дар солҳои охир ҷиҳати ба сатҳи комилан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои байни ду давлат мутазаккир шудааст.
Ҳамчунин кишвардори Ӯзбекистон бо ёдоварӣ аз муколамае дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, ки Тоҷикистон доир гашта буд, барои меҳмоннавозии олӣ аз ҳамтои тоҷикаш изҳори миннатдорӣ кардааст.

"Бешак, бо шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат, дӯстии абадӣ ва муносибатҳои некуҳамсоягӣ минбаъд ҳам мувофиқ ба иқтидорамон ҷиҳати нафъи умум рушд хоҳанд кард",-омадааст дар номаи Мирзиёев.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Раҳмонро бародар хонда, дар зодрӯзаш ба ӯ саломатии қавӣ, неруи беинтиҳо ва саодати оилавӣ орзу кардааст.

Тоқаев саҳми Раҳмонро дар таҳкими дӯстӣ муҳим арзёбӣ кард

Президенти Қазоқистон низ дар номаи табрикиаш аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дӯстӣ гуфтааст ва ӯро сиёсатмадори дурандеш хондааст.
"Хизмати содиқонаи Шумо ба Ватан, сиёсати дурбинона ва созанда дар маснади Сарвари давлат барҳақ боиси эҳтироми сидқии мардум нисбат ба Шумо, ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани мақоми Шумо ба ҳайси Пешвои миллӣ гардид", - гуфтааст ӯ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард
Тоқаев изҳори боварӣ кардааст, ки татбиқи муваффақи ташаббусҳо ва ислоҳоти президенти Тоҷикистон минбаъд низ кафолати рушди устувори Тоҷикистон хоҳанд буд.

"Дар Қазоқистон саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои мо баланд арзёбӣ менамоянд", - гуфта шудааст дар нома.

Тоқаев дар рӯзи зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳои нав ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафт орзу кардааст.

Ҷабборов ба рушди муносибот умед дорад

Президенти Қирғизистон дар номаи шодбошии худ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиҳҳати комил, рифоҳ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳо таманно кардааст.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Путин саҳми Раҳмонро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас хонд
Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки "муносибатҳоb миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки бар усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баробар ба манфиатҳои мардумон рушд хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин ба унвони президенти Тоҷикистон кишвардори Белорус Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Брдимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Қазоқистон – Елбаси номаҳои шодбошӣ фиристодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала