Ли ва Ҳаққонӣ: Чину Покистон дар фурудгоҳи Багром?

© REUTERS \ MAXAR TECHNOLOGIESВзлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле
Взлетно-посадочная полоса международного аэропорта имени Хамида Карзая в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Фурудгоҳи Багром, яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои ҳавоии Афғонистон дигарбора аз сӯйи мутахассисони чинӣ чароғон шуд ва аввалин ҳавопаймо дар он нишаст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам Иёлоти Муттаҳидаи Амрико замони вуруд ба Афғонистон аввалин коре, ки карданд, таҳти назорат гирифтани ин фурудгоҳ ва дар он мустақар кардани нерӯҳояшон буд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз як деҳаи вулусволии Багромии вилояти Парвон мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ баробари тарки ин фурудгоҳ тамоми таҷҳизоти худро инфиҷор дода, аз ҷумла низоми барқдиҳии он, ба шумули даҳҳо генератор (дастгоҳҳои барқӣ) – и бузургро тахриб карда буданд.

“Аз рӯзе, ки “Толибон” фурудгоҳро гирифтанд, то яккилометрии атрофи онро бастанд, то аз он чӣ дар дохил иттифоқ меафтад, касе иттилоъ наёбад. Баъдтар хабар ёфтем, ки мутахассисони чинӣ низоми барқдиҳии фурудгоҳро навсозӣ мекунанд. Шаби дуюми октябр чароғҳои фурудгоҳ рӯшан шуданд ва як тайёраи бузурги хориҷӣ дар он нишаст”,-гуфт ӯ.

Ин манбаъ аз навъи ин ҳавопаймо изҳори беиттилоотӣ кард, аммо манбаи дигар аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо истинод ба манобеи худ дар фурудгоҳи Багром ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз шаби дуюми октябр ба ин сӯ се ҳавопаймои низомӣ, яке чинӣ ва дуи дигар покистонӣ дар ин фурудгоҳ нишаст кардаанд.
Первая официальная встреча талибов и китайских представителей в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Нахустин дидори расмии Толибон* ва намояндагони Чин дар Кобул
“Бино ба маълумоте, ки мо дорем, тайёраҳо барои “Толибон”* силоҳу муҳимот ва ҷангиёни навро аз Покистон интиқол медиҳанд”,-гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол “Толибон”* расман эълон карданд, ки фурудгоҳи низомии Багромро мутахассисони худи онҳо навсозӣ карда, ҳеҷ як хориҷӣ дар кори он ширкат надошт ва ягон сарбози хориҷӣ низ дар фурудгоҳ ҳузур надорад.
Имкон надорад, ки маълумоти фавқ ростиозмоӣ шавад, аммо рӯшан шудани фурудгоҳи Багром дақиқ ва чӣ розҳое пушти он нуҳуфтааст.

Фурудгоҳи “президентӣ”

Багром яке аз муҳимтарин фурудгоҳҳои низомии “сегона” (бо шумули Шинданд дар Ҳирот ва Басшин дар Ҳилманд)-и Афғонистон аст. Он бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввали солҳои 50-ум дар вулусволии Багроми вилояти Парвон, шимоли Кобул – пойтахти ин кишвар, ҳамчун майдони ҳавоии мулкӣ сохта шуд. Соли 1959 Зоҳир, шоҳи Афғонистон дар ин фурудгоҳ раисҷумҳури вақти Амрико Двайт Дэвид Эйзенҳаверро пешвоз гирифт.
Солҳои 80, дар замони ҷангҳои Шӯравӣ дар Афғонистон фурудгоҳи Багром низомӣ ва ба унвони пойгоҳи амалиётии нерӯҳои ҳавоӣ алайҳи мухолифини режими коммунистии Кобул истифода мешуд. Ба дунболи хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон ин фурудгоҳ дар ихтиёри Давлати Исломии Афғонистон таҳти раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ қарор гирифт ва бо суқути он ба дасти “Толибон”* афтод.
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Блинкен: ИМА нақши Покистон дар ҳаводиси Афғонистонро арзёбӣ хоҳад кард
Моҳи ноябри соли 2001 режими “Толибон”* суқут кард ва аввалин бор нерӯҳои Бритониё вориди Багром шуданд. Баъдтар нерӯҳои ҳавоии Амрико низ дар ин фурудгоҳ ҳузур ёфтанд. Амрикоиҳо муҳимтарин зиндони худро низ дар ин фурудгоҳ эҷод намуда, дар он хавфноктарин афрод аз ҷумлаи “Толибон”* ва созмонҳои террористиро нигоҳ медоштанд.
Тӯли 20 соли ҳузури амрикоиҳо Багром таҷдид шуд ва аз Барак Обамаву Доналд Трамп, раисҷумҳурони пешини Амрико низ пазироӣ кард. Дуюми июли соли равон амрикоиҳо аз он берун шуданд ва 15 август, рӯзи суқути шаҳри Кобул нерӯҳои Ҳукумати Афғонистон фурудгоҳро ба “Толибон”* таслим карданд.

Чин – ишғолгари нав?

Ба ҳамин минвол фурудгоҳи Багром тӯли ним асри охир намоде аз гегемонияи қудратҳо дар Афғонистон буд ва ҳар кӣ меомад, аз он ба масобаи муҳимтарин фурудгоҳи амалиётӣ истифода мекард. Ҳавопаймову чархболҳои ҷангӣ аз ин фурудгоҳ барои ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мухолифини ҳукуматҳо дар вилоёти шимолию шарқӣ ва ҷанубӣ парвоз мекарданд.
Аз сӯи дигар идораи фурудгоҳи Багром рамзи ишғоли Афғонистон низ ҳаст ва дар ҳоли ба Чин вогузор шудани он ҳукумати “Толибон”* таҳти суол қарор хоҳад гирифт, зеро танҳо забондарозӣ ва дастоварди ин гурӯҳ шикасти Амрико буду ҳаст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Толибон* шарики асосии худро гуфтанд: дар бозсозии Афғонистон кумак мекунад
Шояд аз ин хотир бошад, ки сарусадоҳои рӯшан шудани Багром аз сӯйи мутахассисони чинӣ ва ҳам овозаи нишасти тайёраҳои низомии Чину Покистон дар ин фурудгоҳ дар Афғонистон маҳшар ба по карда, баҳси ишғоли дигарбораи кишвар ин дафъа аз сӯйи Чин - қудрати дигари ҷаҳонӣ бештар дар миён афтодааст.
Ҳарфи вогузор шудани фурудгоҳи Багром ба Чин нав нест. 7 сентябр Ники Ҳили, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид ба расонаҳо гуфт, ки Пекин барои пойгоҳи ҳавоии Багром иқдом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Чин ин гузоришҳоро такзиб кард ва як хабари ҷаълӣ хонд. Аммо Чин, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад, бо “Толибон”* дар ҳоли эҷоди равобити ҳасана аст ва ҳеҷ аҷобат надорад, ки ба Багром низ чашм ало карда бошад.

Ҳамкори дерин

Дар ҳамин ҳол коршиносоне, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, мегӯянд, агар қарор бошад, ки Чин дар фурудгоҳи Багром мустақар шавад, бидуни Покистон коре наметавонад кунад.
Содиқ Муродӣ, як огаҳи ҳол, ки дар Кобул зиндагӣ мекунад, гуфт, Покистон танҳо шарики Чин хоҳад буд ва нақши боризеро дар ин тарҳ ифо хоҳад кард, зеро ҳарду бо Ҳинду Эрон – бозигарони дигари майдони ҷанги Афғонистон мухолифат доранд.

“Аз сӯйи дигар ин пойгоҳ дигарбора заминаи амалиётҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои мухолиф дар манотиқе чун Панҷшер ва Андаробҳоро фароҳам мекунад. Нерӯҳои “Толибон”* аз ин фурудгоҳ пуштибонии ҳавоӣ хоҳанд шуд”,-гуфт Содиқ Муродӣ.

Огаҳони умур мегӯянд, то ду-се моҳи дигар ҳузури низомии Чин дар Афғонистон бармало мешавад, зеро ин кишвар аз ҳамон оғоз бо Покистон дар ҳимояти “Толибон”* ва шикасти Амрико ҳамдаст буд. Аз ҷумла Хадамоти амниятии Афғонистон моҳи декабри соли 2020 аз боздошти нуҳ узви “Шабакаи Ли” таҳти раҳбарии як шаҳрванди Чин ба номи Ли Янян хабар дод, ки "ба манфиати Ҳизби коммунистии Чин (ҲКЧ) бо ҳадафи пешбурди нуфузи геополитикии Пекин дар минтақа барои "Шабакаи Ҳаққонӣ" маводи инфиҷорӣ таҳия мекарданд ва аз бомбҳои сохтаи онҳо шаҳрҳои Афғонистон ба даҳшат меафтоданд.
Бойцы Талибана* в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Генерали покистонӣ аз кафолатҳои "Толибон"* изҳори қаноатмандӣ кард
Як корманди Вазорати мухобироти Афғонистон ба манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ҳамин ҳоло беш аз нисфи кормандони ин вазорат шаҳрвандони Чину Покистонанд, ки яке аз корҳояшон тасбити мавоқеи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ ва моҳвораӣ буд.
“Чину Покистон дар талоши инанд, ки дар фурудгоҳи Багром як родори қавӣ низ насб кунанд, то ҳарими ҳавоии Афғонистонро то марзҳои Осиёи Миёна таҳти назорат дошта бошанд. Амрикоиҳо чунин имконотро фароҳам карда буданд, аммо бо рафтанашон ҳамаро тахриб кардаанд”,-гуфт ӯ.
Иттифоқоти ҷолибе. Кобул ҳоло умдатан таҳти идораи ҷангиёни “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва вазири корҳои дохилии “Толибон”*, раҳбари ин шабака Сироҷуддин Ҳаққонӣ аст. Зоҳиран ҳамкории шабакаҳои Ли ва Ҳаққонӣ идома дорад.

Як таваккал

Оё Чин худро ба “қабристони империяҳо” хоҳад андохт ва аз пайи Шӯравиву Амрико, ки нав аз Афғонистон бо як шикасти таърихӣ берун шуд, хоҳад рафт?
Афғонистон дар миёни ду тарҳи бузурги бузурги Чин – Даҳлези иқтисодии Чину Покистон аз ҷануб ва Ҷодаи Бузурги Абрешим аз шимол қарор дорад. Амнияти ин тарҳҳои бузург эҳтимол дорад, ки Чин як таваккал кунад, дар ҳоле ки шарикаш – Покистон низ ба дасти “Толибон”* зоҳиран ба ҳадафи асосии худ – пайдо кардани “умқи стратегӣ” дар Афғонистон даст ёфтааст ва бо қудрати молиявии Чин онро ниҳоӣ мекунад.

“Аммо ҷаҳону минтақа ин мудохилаи ошкори Чину Покистон дар Афғонистонро наметавонанд таҳаммул кунанд. Ҳар лаҳза, ки ҳузури онҳо дар Багром тасбит шавад, дар саросари Афғонистон қиём барпо хоҳад шуд, зеро ин як ишғоли дигар хоҳад буд”,-гуфт Содиқ Муродӣ.

Ин ки Русияву Амрико ва Эрону Ҳинд – қудратҳои дигари ҷаҳониву минтақаӣ чӣ хоҳанд кард, аз ин вобаста аст, ки ҳузури ҳатто як сарбози чинӣ дар фурудгоҳи Багром кай собит мешавад, зеро чароғон кардани фурудгоҳ як кори одӣ нест, балки як заминаи стратегӣ метавонад бошад.
Лентаи хабарҳо
0