Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт

© AFP 2021 / LUDOVIC MARINПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Дастрасии занон ба таҳсил яке аз шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"* бояд бошад, изҳор дошт роҳбари Фаронса
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эммануэл Макрон вазъи занон дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани "Толибон"* - ро даҳшатовар хонд.
"Вазъи занон дар Афғонистон имрӯз даҳшатнок аст. Барои ин бисёре аз онҳо кишварро тарк карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо то ҳадди тавонаш кумак кард", -изҳор дошт раисҷумҳури Фаронса дар суҳбат бо радиои "France Inter".
Ба гуфтаи ӯ, дастрасии занону духтарон ба таҳсил яке аз шартҳои Фаронса барои эътирофи "Толибон"* мебошад.
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
“Ҳаҷро ҳам манъ мекардем”: Хашми “Толибон” бар Саудӣ ва таҳрими ду ТВ-и бритониёӣ
Инчунин Макрон даъват кард, ки кишварҳои узви "Бистгонаи бузург" шартҳои мушаххаси эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро ироа намоянд.
Аз шартҳои дигари Фаронса имкони идомаи амалиёти башарӣ арзёбӣ шудааст, яъне ихроҷи афроде, ки ниёз ба ҳимоя доранд. Инчунин таъкид шудааст, ки низоми "Толибон"* набояд бо созмонҳои террористии минтақа ҳамкорӣ намояд ва бояд онҳоро маҳкум кунад.
Вазъ дар Афғонистон моҳи августи соли равон дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* муташанниҷ шуд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дода, аз Афғонистон фирор кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала