Нақшҳои осмонӣ: Русия ҳайати бозигарони синаморо ба кайҳон фиристод

Нахустин ҳайати синамогарон дар ҷаҳон аз майдони ҳавоии Байконур ба кайҳон фиристода шуд
Киштии кайҳони "Союз МС-19" бо ҳайати синоамогарон ба Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ фиристода шуд.
Дар Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сабти филми "Чолиш" - "Вызов", бо иштироки ҳунарпеша Юлия Пересилд ва коргардон Клим Шипенко сурат мегирад. Онҳоро дар ин парвоз кайҳоннаварди "Роскосмос" Антон Шкаплеров ҳамроҳӣ мекунад.
Чунин ташаббус бори аввал татбиқ шуда, ҳайати синамогарон дар кайҳон ҳудуди 12 рӯз қарор хоҳанд дошт.
Бар асоси барномаи филм, қаҳрамони Пересилд - табибест, ки барои наҷоти кайҳоннавард ба кайҳон парвоз мекунад.
Пентагон бори дигар дар бораи қудрати фавқулодаи артиши Русия сухан гуфт
Пеш аз парвоз иштирокдорони он марҳилаи омодагиро гузашта, баъди бозгашташон ба Замин марҳилаи барқарорсозӣ дар назар аст.
Парвози киштиҳои кайҳонии "Союз-2.1а" бо "Союзом МС-19" аз майдони 31-уми космодроми Байконур соати 11:55 бо вақти Маскав парвоз кард. Киштӣ ба масири парвозаш дар атрофи замин баъди 9 дақиқа расид.
Маврид ба зикр аст, ки сабти филми "Чолиш" барои "Роскосмос" имкон дод, ки омодасозии фаврии мутхассисони берун аз соҳаи кайҳоннавардиро озмоиш намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала