Писари Қамчибек Тошиев аз ваколатҳояш даст кашид

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПарламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Писари раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вакили маҷлиси шаҳри Ҷалолобод аз ҳизби падараш "Ато Журт-Қирғизистон" буд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вакили маҷлиси шаҳри Ҷалолобод Таймурас Тошиев аз ваколатҳои худ даст кашид, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба иттилои раиси комиссияи минтақавии интихоботӣ Юсуфбек Бейшенбоев.
Ба гуфти ӯ, дирӯз Тошиев бо хоҳиши худ ба КҲИ барои супоридани ваколаташ ариза пешниҳод кардааст.
Амали Тошиев зимни гузашти низомӣ дар интернет баҳсбарангез шуд
Таймурас Тошиев писари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аст.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Парвандаи ҷиноятии писари роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Тошиев барои бознигарӣ фиристода шуд
Дар интихоботи моҳи апрел ӯ аз ҳизби падараш, Ҳизби "Ата-Журт-Қирғизистон" вориди маҷлиси шаҳри Ҷалолобод шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки пештар додгоҳи шаҳри Бишкек қарори марҳилаи аввал алайҳи Тамерлан Тошиев, писари дигари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиевро бекор кард.
Тошиев аз ҳабсу парвандаҳои собиқ президентҳо ва тақдири Жээнбеков гуфт
Парванда алайҳи писари раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соли 2013 барои дуздӣ боз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала