Қироати шеъри амрикоиҳо ба забони тоҷикӣ - видео

Кормандони сафорати ИМА дар Тоҷикистон порчаҳои шеъриро ба забони тоҷикӣ қироат карданд
Амрикоиҳои Тоҷикистон - кормандони сафорати ИМА дар Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ шеър қироат карданд.
Онҳо порчаҳоро аз эҷодиёти шоир Салим Кенҷа дар васфи забони модарӣ қироат намуданд.
Дар наворе, ки сафорати ИМА дар шабакаи "Youtube" нашр кардааст, дида мешавад, ки шаш амрикоӣ дар қироати шеъри тоҷикӣ ҳунари хуб нишон медиҳанд.
Ҳамин тавр Шефали, Ҷей, Кейтлин, Арун ва Дейвид бо ин усул мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфтанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомдорони хориҷӣ дар ҷашнҳои давлатию миллӣ шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунанд.
Сафир - овозхон: Ҳю Филпотт таронаи "Муҳаббат"- ро бозхонӣ ва занони тоҷикро мафтун кард
Соли 2019 сафири Бритониё ва Ирландия дар Тоҷикистон занони тоҷикро ба муносибати Иди бонувон бо иҷрои таронаи машҳури "Муҳаббат" шодбош гуфт ва боиси пазироии гарми онҳо гардид.
Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -Навор
Ҳамчунин Ҷон Марк Поммершайм сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қабл аз сафараш ба Душанбе дар наворе паёмашро фиристод ва онро бо як мисраи Ҷалолиддини Румӣ -“ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала