Раҳмон ба миллат: Ба забони тоҷикӣ арҷ гузореду донандаи хуби дигар забонҳо низ бошед

© Пресс-служба президента ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки 13 сол аст, панҷуми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони ҷумҳуриро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик гуфт ва даъват кард, ки ба он эҳтиёткорона муносибат кунанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
Президент гуфт, ки ин ҷашн рамзи эҳтиром ва посдории забони модарист.
Раҳмон афзуд, забон моли миллат аст ва ҳамчун ҷисми зинда ба нигоҳубин ниёз дорад.

"Мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад",-таъкид кардааст президент.

Дар баробари ин раисҷумҳур қайд кард, ки донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлатии худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ
Президент ҳамчунин даъват кард, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.
"Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо-тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад",-изҳор доштааст президент.
Ёдовар мешавем, ки дувумин Қонун "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" 5 октябри соли 2009 қабул шуда, соли 2020 бо қарори ҳукумат "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тасдиқ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала