Раҳмон табрикоти Мирзиёевро шуниду барояш дар интихобот комёбӣ хост

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ ба ҳамдигар таманниёташонро баён доштанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиаш муваффақиятҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.
Граждане РТ пытаются выехать через КПП Фатехабад (Ойбек) в Мастчинском районе в сторону Ташкента, чтобы потом вылететь в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ӯзбекистон ба ташхисгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад: 130 сомонӣ барои ташхиси нав мегиранд
"Ҳамчунин қайд карда шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт",-гузориш дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳомн барои Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ӯзбекистон комёбӣ хостааст. Интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 24 октябр дар назар аст.
Суҳбати ҷонибҳо дар рӯзи таҷлил аз 69-умин солгарди Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала