Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Президенти Эрон раисҷумҳури Тоҷикистонро ба кишвараш даъват кард
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Кишвардори Эрон ба муносибати зодрӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ равон кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Дар номаи шодбошӣ президенти Эрон Сайидиброҳими Раисӣ ҳамтои тоҷики худро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик гуфтааст.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Путин саҳми Раҳмонро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас хонд
Раисҷумҳури Эрон дар ин нома барои пазироӣ аз ӯ тайи дар сафари охираш ба Тоҷикистон ба раисҷумҳур ва мардуми кишвар изҳори сипос кардааст.
"Зимни ташаккур ва қадрдонӣ бобати пазироӣ ва мизбонии гарми Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми кишваратон дар сафари ахирам ба Тоҷикистон омодагии Эронро барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкории ҳамаҷонибаи байни ду кишвар эълом медорам",-омадааст дар хабар.
Дар идомаи ин номаи табрикӣ президенти Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда, ки ба Теҳрон сафар кунад.

"Ҳамчунин умедворам, ки дар ояндаи наздик имкони дидор бо Ҷаноби Олӣ дар Теҳрон барномарезӣ ва танзим гардад",-омадааст дар хабар.

Ҳамчунин раисҷумҳури Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон, хонаводааш ва мардуми ҳамзабони Тоҷикистон саломатӣ ва муваффақят таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала