Суҳбати телефонии Раҳмон бо раҳбарони Озарбойҷон ва Қазоқистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев тавассути занги телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 5 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президентҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат Қосимҷомарт Тоқаев Эмомалӣ Раҳмонро ба зодрӯзаш табрик кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон барои табрикаш изҳори сипос намуда, аз рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар чорчӯбаи муносиботи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ ёдоварӣ кардааст.
Дар ин зимн ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳо дар ҷиҳати пешбурди ҳамкории ҷонибҳо, ки дар рафти сафари расмии Қосимҷомарт Тоқаев ба Тоҷикистон ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи марбута зоҳир карда шуд, афзудааст манбаъ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистонро президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ занг задаву табрик кардааст.
Илҳом Алиев Эмомалӣ Раҳмонро сидқан табрик карда, ба ӯ сиҳҳати комил ва дар фаъолияти давлатияш комёбиҳо орзу намудааст.
Зимни суҳбат сарони Тоҷикистону Озарбойҷон муносиботи кишварҳоро баррасӣ намуда, ҷараёни рушди мусбат ва тавсеаи онҳоро ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар гуфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми октябр 69-умин мавлудашро таҷлил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0