Тафсилоти худкушии корманди “Амонатбонк” дар Айнӣ: Чаро Ғиёсиддин худро ба дор овехт?

© КЧС РТМужчина повесился
Мужчина повесился - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёд аҳли хонавода Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ноҳияи Айниро аз ҷое пайдо карданд, ки ҷисми беҷони ӯ дар ҳалқаи дор овезон буд
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии дирӯз дар утоқи “Амонатбонк” дар деҳаи Ревад рух додааст ва фиғони пайвандони Аюбзода ноҳияи Айниро такон додааст.
Ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ин корманди “Амонатбонк” дар ноҳияи Айниро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ доранд.
Як масъули ҷамоати Урметан ба шарти зикр накардани номаш баъзе аз ҷузъиёти худкушии Ғиёсиддин Аюбзодаро бар асоси суҳбат бо волидонаш тавзеҳ дод.
Ӯ гуфт, ин корманди “Амонатбонк” саҳари рӯзи 4-уми октябр ба волидонаш гуфтааст, ки имрӯз ба маркази ноҳия меравад, вале бо ҳамин то бегоҳ дигар ба хона барнагашта дар утоқи кориаш худро ба дор овехтааст.

“Як бачаи боахлоқ буд, муомилааш бо мардум хеле хуб буд. Он рӯз аз хона баромада, то дери бегоҳ барнагаштаасту телефонаш ҳам ба зангҳо ҷавоб надодааст. Ин ҳолат аҳли хонаводаашро дар ҳолати хавотирӣ гузоштааст. Ҳама ба ҷустуҷӯ сар мекунанд, вақте дари утоқи кориашро боз мекунанд, ки аллакай ҷисмаш дар танобе овезон аст. Чаро даст ба ин кор задааст, барои аҳли ҷамоат муаммо аст”,-иброз намуд манбаъ.

Бино ба иттилои манобеъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таҳқиқи худкушии корманди “Амонатбонк” дар рӯи мизи корӣ навиштаҷоти иборат аз шаш ҳафт саҳифагӣ дарёфт намудаанд, ки Аюбзода пеш аз ба дор кашиданаш онро навиштааст.
Ба гуфтаи манобеъ аз “Амонатбонк”, дар он навиштаҷот Ғиёсиддин дар бораи муомилоти пулӣ, аз ҷумла додугирифти беш аз 140 ҳазор сомонӣ бо чанде аз сокинони деҳоти Айнӣ гуфтааст.
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Собиқ сармуҳосиби бонк: кист марде, ки дар соҳили рӯди Душанбе “худро овехт”?
Ғиёсиддин Аюбзода ҳамагӣ 27 сол дошт ва чанд соли охир минҳайси сардори як нуқтаи хидматрасонии “Амонатбонк” дар Ревади Айнӣ фаъолият мекард. Ин нуқтаи бонк асосан барои пардохти пули нафақаи сокинони деҳа ташкил карда шудааст.
Хонаводаи Аюзода аз нафарони зиёии деҳаи Айнӣ маҳсуб шуда, падар ва модараш ҳарду муаллим мебошанд. Иллати даст ба худкушӣ задани Ғиёсиддин то ҳол барои аҳли хонаводааш муаммо аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Айнӣ ба таҳқиқи ҳодисаи даст ба ҳудовезӣ задани корманди “Амонатбонк” шуруъ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала