Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд

© REUTERS \ West Asia News AgencyБоец "Талибана"* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле
Боец Талибана* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Ҷангиёни созмони террористии "Толибон"* дар Афғонистон 13 намояндаи миллати ҳазораро ба қатл расондаанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Куштори ҳазораҳо дар вилояти Дайкундӣ рух додааст, хабар дод Sputnik Тоҷикистон бо такя ба гузориши "Amnesty International".
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса ҳанӯз 30 август рух додааст, аммо гузориш дар бораи он ахиран дастраси омма гардид.
Манбаъ афзуд, ки куштори ҳазораҳо дар қишлоқи Кахури ноҳияи Хадир рух додааст. Дар миёни кушташудаҳо 11 корманди собиқи артиши Афғонистон ва ду нафари мулкӣ будаанд. Таъкид шудааст, ки яке аз сокинони мулкии кушташуда духтари ноболиғ будааст, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст.
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Макрон шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон"*-ро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0