Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Изҳори омодагии Тошканду Ишқобод барои саҳмгузорӣ дар рифоҳу рушди Афғонистон

© Пресс-служба Республики УзбекистанПрезидент Узбекистана выступил на Консультативной встрече глав государств Центральной Азии
Президент Узбекистана выступил на Консультативной встрече глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Ӯзекистону Туркманистон барои барқарорсозии сулҳ ва иқтисод дар Афғонистон кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердиҳмуҳаммадов гуфт, ки барои рифоҳу рушд дар Афғонистон кумак мекунанд.
Мирзиёев зимни нишасти матбуотӣ гуфт, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд, ба мардуми Афғонистон барои таъмини сулҳу оромӣ мусоидат намоянду гуфтушунидҳо барои татбиқи лоиҳаҳои фаромиллиро идома диҳанд.
Таъкид шудааст, ки Афғонистон барои суботу амнияти минтақа аҳамияти махсус дорад.
Бердимуҳаммадов дар навбати худ изҳор доштааст, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон барои вуруди ин кишвар ба лоиҳаҳои минтақаӣ кумак хоҳад кард. Ӯ қаблан низ аз фоидаи лоиҳаҳои минтақаӣ, аз ҷумла лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз тариқи қаламрави Афғонистон гуфт, ки ҳаққи транзит барои ин кишвар метавонад беш аз як миллиард долларро ташкил диҳад.
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Бердимуҳаммадов гуфт, Афғонистон чӣ гуна метавонад, сармояи бузург ба даст орад
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала