Заминларзаи шадиди Афғонистон Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ ҷунбонд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Сокинони Душанбе дар нимаи дуввуми рӯз заминларзаеро эҳсос карданд, ки маркази он дар Афғонистон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминларзаи Афғонистонро эҳсос кардаанд.
Гуфта мешавад, ки маркази заминларза дар 275 километрии ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст.
Бо вуҷуди ин, сокинони Душанбе ларзишҳои шадидро соати 12:59 ба вақти маҳаллӣ эҳсос карданд.
Бино ба иттилоъи Хадамоти геофизикии академия миллии улуми Тоҷикистон, қувваи заминларза дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Сейсмограмма землетрясения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Дар Тоҷикистон замин ҷунбид: маркази он Боғи миллӣ
Тибқи мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, қувваи заминларза дар маркази зилзила 6 балл буда, заминларза дар умқи 10 километр рух додааст.
Дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларзаро сокинони Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро ва чанд минтақаи дигарро эҳсос карданд.
Дар қаламрави ин се давлат талафот ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0