Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиётҳо дар навоҳии марзӣ 20 мошини “Ҷип” дод

© посольство США в РТМО Таджикистана получило от США 20 джипов для операций в приграничных районах
МО Таджикистана получило от США 20 джипов для операций в приграничных районах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Сафорати Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афғонистон кумак пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафорати Амрико дар Душанбе ба Вазорати дифои Тоҷикистон барои амалиёт дар минтақаҳои душворгузари марзии кишвар 20 мошини “Ҷип” тақдим кардааст, иттилоъ додааст намояндагии давлати ИМА дар Тоҷикистон.
"Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати дифои ин кишвар барои таҳкими марзҳо 20 мошини “Ҷип” тақдим кард”,-гуфта шудааст дар иттилоияи сафорат.
Арзиши кумаки навбатӣ 1,3 миллион доллар будааст. Мошинҳои мазкур барои нерӯҳои вижаи дифоӣ имкон медиҳанд, дар манотиқи душворгузари марзӣ амалиёт анҷом диҳанд.
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Politico”: Баррасии истиқрори низомиёни Амрико дар пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба мақомоти ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ дар таъмини амнияти марзҳо изҳори сипос ва қайд кард, ки Амрико "аз дастовардҳои муштарак ифтихор мекунад".

"Мо бо Тоҷикистон шарик дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ боқӣ мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, мо қавитар ҳастем",-гуфт сафири ИМА.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст, ки 358 мошин ба маблағи 10,5 миллион долларро низ шомил мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия ба артиши Тоҷикистон 12 мошини ҷосусии зиреҳпӯши БРДМ-2M-ро тақдим кард.
Супоридани таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи миллӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала