Дархости кумаки молии бештари Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Мақомоти Тоҷикистон аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ хоҳиш кардаанд, ки дастгирии молӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллиро афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналиилалии Пул хоҳиш кардааст, ки барои афзоиши дастгирии молӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ахиран Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо хонум Катаржина Зайдел, мудири иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон ва Пиотр Трабинский, мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул роҷеъ ба Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар соҳаҳои афзалиятноки кишварро муҳокима намуданд.

“Бо андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ устувории макроиқтисодии кишвар таъмин гардид”,-қайд намудааст Завқизода дар зимни мулоқот.

Манбаъ қайд кардааст, ки мудирони иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.
Работа инвестиционной компании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2020
Рушди иқтисод коҳиш ёфт: коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонд
Дар ҳамин ҳол оқои Завқизода аз мудирони иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳиш намудааст, ки барои афзоиш додани дастгирии молӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҷиҳати кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала