Дастгир шудани марди 74-сола барои латукӯби зани ҷавонаш

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина тянет за волосы женщину, архивное фото
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани марди 74-сола хабар додааст, ки дар латукӯби ҳамсари аз худаш ду баробар ҷавон айбдор мешавад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сокини 74-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад, хабар додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои ВУД, дар пайи тафтишот маълум шудааст, ки марди солхӯрда ҳанӯз рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00 дар хонаи истиқоматиаш ҳамсараш, зани 37-соларо латукӯб намудааст.
Мужчина повесился - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Тафсилоти худкушии корманди “Амонатбонк” дар Айнӣ: Чаро Ғиёсиддин худро ба дор овехт?
Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон додааст, ки зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз мавориди ҷиноёти сангин дар доираи хонавода сурат мегиранд. Мақомоти умури дохилӣ бо зикри муноқишаҳои фоҷиабори хонаводагӣ шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ дар оила даъват намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала