Эълони бархе аз барандаҳои Ҷоизаи Нобел

© AP / Patrick SemanskyМедаль Нобелевской премии мира
Медаль Нобелевской премии мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Ҷоизи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2021-ро Бинёмин Лист ва Дэвид Макмиллан соҳиб шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Академияи улуми Шведсия саҳми ин олимонро дар таҳияи маводи пурсамари "сабзсозӣ"-и саноати кимиё бориз баҳогузорӣ кардааст.
Бинёмин Лист дар Пажуҳишгоҳи Макс Планк дар риштаи таҳқиқи ангиштсанг дар Олмон ва Дэвид Макмиллан дар Донишгоҳи Принстони ИМА фаъолият доранд, навиштааст "РИА Новости".
Соли гузашта ҷоизаро дар бахши кимиё Эммануэл Шарпанте ва Ҷеннифер Дудна барои коркарди усули таҳрири геном соҳиб шуда буданд.
Ҳафтаи Нобел ду рӯзи қабл оғоз шуд. Тибқи анъана, нахуст барандаҳои ҷоиза дар бахши физиология ва тиб эълон шуданд, ки соли равон Дэвид Джулиус ва Ардем Патапутян мебошанд. Онҳо ба таҳқиқи он машғул буданд, ки чӣ гуна организмҳои зинда ҳароратро эҳсос мекунанд.
Талая вода капает с сосульки на леднике Лаохугоу в горах Цилянь, в провинции Ганьсу, Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
5 октябр Сюкуро Манабе, Клаус Хасселман ва Ҷорҷио Паризи ғолибони бахши физика эълон шуданд, ки имкони инсониятро дар бахши низомҳои мураккаб васеъ намуданд.
Ҷоизаи Нобел барои пажуҳишҳои бузурги илмӣ, ихтирооти нодир ва саҳм дар фарҳангу рушди ҷомеа тақдим мегардад. Дар маҷмуъ шаш ҷоиза мавҷуд аст, ки то ҳол ғолибон дар бахши тиб, физика ва кимиё эълон шуданд. Барандаҳо дар бахши адабиёт 7 октябр, барои барқарории сулҳ дар ҷаҳон 8 октябр ва бахши иқтисод 11 октябр муаррифӣ мегарданд. Ҷоиза ба номи бунёдгузораш Алфред Нобел номгузорӣ шудааст. Соли равон маблағи ҷоиза ҳудуди 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала