Эълони ғолибони Ҷоми президент дар риштаи ҷудо

© аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номи ғолибони мусобиқаи 8-уми байналмилалии ҷудо барои Ҷоми президентро эълон кард
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Зӯрозмоӣ барои Ҷоми президент миёни 133 ҷудокор аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус дар чор вазн - 66кг, 81кг, 90кг, +90кг сурат гирифт, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, ки дар вазни 66 кило ҷои аввалро Дилшодбек Юлдошев аз Ӯзбекистон, ҷои дуюмро Фирӯз Мелибойзода аз Тоҷикистон ва ҷойҳои сеюмро низ ду варзишкори тоҷик - Ориф Додов ва Абубакр Боқиев гирифтанд.
Дар вазни 81 кило Умар Расулов аз Тоҷикистон ҷои 1-ум, Раҳматуллоҳ Фарҳодов ҷои дуюм, Шодмон Ризоев ва Хусрав Аламов ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.
Сомон Маҳмадбеков дар ҳузури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков дар ВМКБ мактаби касбии ҷудо месозад
Ғолиби зӯрозмоӣ дар вазни то 90 кило Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони тоҷик гардид. Мақоми дуюмро Шермуҳаммад Жандреев аз Ӯзбекистон, мақомҳои сеюмро Исроил Раҳимов ва Достон Мейлиев сазовор гардидаанд.
Дар феҳрасти ғолибони вазни беш аз 90 кило паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов барандаи ҷои аввал, Антон Брачев аз Русия ҷои дуюм ва барандаҳои ҷои сеюм паҳлавонҳои ӯзбек - Бекмурод Олтибоев ва Шоҳруххон Бахтиёров ном бурда шуданд.
Кумита зикр намуд, ки барои ғолибони мусобиқа 30 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин ҷом, ба барандагони медали нуқра 10 000 сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 5000 сомонӣ супорида шуд.

Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо аз соли 2013 ҳамасола баргузор мешавад. Истисно танҳо соли 2020 буд, ки ин мусобиқа ба далели пандемия баргузор нагашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала