Куштигирӣ ва "чашмҷанг"-и Ҳабибу Роналду - видео

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкХабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36
Хабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Дар шарҳи навор Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки Роналду илҳомбахши миллионҳо аст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Қаҳрамони пешини UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар "Instagram" чанд аксу видеои худ ҳамроҳи ҳамлагари машҳури клуби "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналдуро нашр кардааст.
Паҳлавон дар яке аз наворҳо бо футболбози номӣ "чашмҷанг" мекунад.

"Беҳтаринӣ, ба ҳамин кори худ идома бидеҳ, қаҳрамон. Ту ба миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон илҳом мебахшӣ",-навиштааст варзишкори русиягӣ дар шарҳи аксҳояш.

Дар аксҳои дигар Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуиё бо Криштиану Роналду куштӣ мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Нурмуҳаммадов аз клуби "Манчестер Юнайтед" боздид кард ва бо футболбозони номии ин даста аз ҷумла, Погба, Рио Фердинанд ва Алекс Фергюсон дидору мулоқот намуд.
Макгрегор ба Нурмуҳаммадов ҷавоби шадид дод ва паёмашро нест кард
Рӯзҳои истироҳат Ҳабиб якбора дар чанд вохӯрии дастаҳои футболи Бритониё ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0