Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо

© Sputnik / Дмитрий Лельчук / Гузаштан ба хазинаи аксБереговые объекты на территории газораспределительного центра магистрального газопровода "Северный поток-2"
Береговые объекты на территории газораспределительного центра магистрального газопровода Северный поток-2  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Рекордгузории нархи газ дар Аврупо идома дошта, феълан аз ҳадди 1600-долларӣ сари як ҳазор метри мукааб убур кардааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Барои як ҳазор метри мукааби газ феълан дар Аврупо беш аз 1600 доллари амрикоӣ пардохт мегардад, бармеояд аз додаҳои биржаи ICE.
Баъди чанд дақиқаи оғози савдо барои фючерсҳои моҳи ноябр, аз рӯи нишондоди ҳоландии TTF, то ба 1596,8 доллар ҷаҳида, баъдан аз 1607,2 доллар низ гузашт. Ин 15,5 дарсад бештар аз нархҳои рӯзи сешанбеи 5 октябр мебошад, хабар дод "РИА Новости".
Ин дар ҳолест, ки додугирифти рӯзи душанбеи 4 октябр бо нишондоди 1156 доллар сари як ҳазор метри мукааб ҷамъбаст шуд.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Қимати сӯзишворӣ дар кишвар: Газ каме арзону бензин боз гаронтар шуд
Нархи газ дар бозори Аврупо тайи моҳҳои охир хеле боло рафт. Агар дар аввали август нархи 1 ҳазор метри мукааби газ 515 доллари амрикоиро ташкил медод, як моҳи баъд то 614 доллар расида, то аввали октябр ду баробар боло рафт.
Таҳлилгарон ин ҷаҳишро ба кам будани захираҳои газ дар анборҳои Аврупо, таъминоти маҳдуд аз ҷониби фурӯшандаҳои асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт медиҳанд.
Дар ин пасманзар саҳмияи "Газпром" ба сатҳи бесобиқа расида, феълан 386,5 рублро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала