Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, Тоҷикистон бояд дар ҳалли низои Афғонистон бештар ташаббус нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад дар расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон нақши ҳалкунанда дошта бошад. Дар ин бора раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидрам дар як мусоҳиба бо ТАСС ибрози назар намудааст.
Вай таъкид кард, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии ҷумҳурӣ барои муколама бо аъзои "Толибон"*, ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, омодаанд.

"Ҷабҳаи муқовимат ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтушунид бо "Толибон"*-ро рад накардааст ва Тоҷикистон метавонад мизбони ин вохӯриҳо шавад",-бо боварӣ изҳор доштааст Пидром.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, Тоҷикистон "агар ташаббусро ба даст гирад, метавонад боз ҳам пеш равад."
Илова бар ин Пидром қайд кард, ки барои кумак ба муқовимат бо дигар кишварҳо робита барқарор кардан лозим аст. Вай ишора кард, ки Ҷабҳаи муқовимат бояд бо Русия, ИМА, Чин, Эрон ва Покистон тамос гирад.
Эмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Имрон Хон ба Эмомалӣ Раҳмон: “Шумо тоҷикҳоро бинед, мо - паштунҳоро”
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон ба мувофиқа расиданд, ки дар Душанбе намояндагони "Толибон"*-у Ҷабҳаи муқовиматро сари мизи гуфтушунид нишонанд.
Аммо пас аз ин изҳорот дигар дар ин масъала пешравие сурат нагирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала