КҲФ аз боди шадид ва резиши барфу борон ҳушдор медиҳад

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
КҲФ мегӯяд, аз вазъи номусоиди ҳаво бештар ҳосили зироат зиён мебинад. Аз ин рӯ кумита аз сокинон даъват намудааст, ки ҳосили пухтаро сари вақт ҷамъ кунанд ва полезиҳои хомро бо алаф ва ё селофан пӯшонанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сония расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр резиши барфи тар пешбинӣ мешавад.
Борон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
КҲФ аз хокбод, барфи тар ва борони шадид дар Суғд ҳушдор дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сардиҳои аввал барои ҳосили зироати мардум метавонанд хатар дошта бошад. Аз ин рӯ ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо даъват намудааст, ки ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили норасидаро бо алаф ва ё селофан маҳкам кунанд.
Илова бар ин аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг низ дар ин рӯзҳо мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала