Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Лавров ба "Толибон"* муроҷиат кард: Русия талабашро гуфт

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Эрон ташаббусҳои муштараки марбути барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Русия ва Эрон "Толибон"*-ро ба муборизаи оштинопазир бо терроризм дар ин ҷумҳурӣ даъват карданд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз музокирот бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, ҳарду кишвар омодаанд, ки тадбирҳои барқарорсозии Афғонистонро ҳамоҳанг созанд.
Ҷониби Русия ва Эрон ҳам аллакай як қатор ташаббусро рӯйи даст гирифтаанд.
Лавров қайд кардааст, ки ин кишвар набояд манбаи бесуботии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад.

"Мо аз мақомоти нави Афғонистон даъват мекунем, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, инчунин бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мубориза баранд",-гуфт раҳбари ВКХ Русия.

Вай афзуд, ки Афғонистон мавзуи асосии музокироти Русия ва Эрон шуд. Тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро барои ба эътидол овардани вазъ дар ин ҷумҳурӣ баррасӣ карданд.
"Мо дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо барои амалӣ кардани ташаббусҳо гуфтугӯ кардем", - афзуд Лавров.
Концерт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Мақоми "Толибон"* ба овозхонҳо барои тарки пешаашон маош пешниҳод кард
Дар навбати худ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт, Русия ба нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват шудааст, ки ба қарибӣ дар Теҳрон ташкил мешавад.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён афзуд, ки Лавров қасд дорад, дар Маскав барои расонидани кумаки сиёсӣ дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон нишасти хабарӣ баргузор кунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала