Мақомоти Хатлон: Беш аз ҳафт ҳазор зан бекор аст

© © SputnikДве женщины на улице. архивное фото
Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Раёсати Агентии меҳнат дар вилояти Хатлон мегӯяд, феълан 2 500 ҷойи кори холӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат кунанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба раёсати Агентии меҳнат дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ин минтақа дастикам 32 385 нафар корҷӯ муроҷиат намудааст, хабар медиҳад сойти "Фараж".
Бинобар иттилои манбаъ, мақомоти вилояти Хатлон аз ин миён 27 994 нафарро ҳамчун бекор ба қайд гирифта, ба 14 785 нафар мақоми бекорӣ додаанд.
Гуфта мешавад, ин мақом 7 405 нафар занро шомил мешавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард
Манбаъ аз қавли сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қобилҷон Файзализода менависад, ки дар ин давра ҳамчунин 19 463 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шудаанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ташкилоту идораҳо, айни замон 2 506 ҷойи кории холӣ дар вилоят мавҷуд аст.
Раёсати Агентии меҳнат мегӯяд, сокинони хоҳишманд метавонанд ба идораи онҳо муроҷиат кунанд ва соҳиби ҷойи кор шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала