Меҳмони воломақом меояд: Эълони ду рӯзи роҳбандӣ дар Суғд

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Рӯзҳои 7 ва 8-уми октябр ҳаракати воситаи нақлиёт дар баъзе аз роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаи нақлиёт дар ду рӯзи оянда хабар додааст.
Шуъбаи БДА дар Суғд дар шарҳи иттилоия гуфтааст, ки мувофиқи нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон, сафари кории меҳмонони олимақом ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар назар аст, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушояати қатори воситаҳои нақлиёт бо ширкати онҳо ба зиммаи ин мақомот вогузор шудааст.
Аз ин лиҳоз БДА хабар додааст, ки санаи 7-уми октябри соли 2021 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ҷамоати Зарзамин ва Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Деҳмой – Конибодом аз гардиши ҷамоати Хистеварз то купрӯки шаҳраки Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон маҳдуд карда мешавад.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Аҳмадзода: Суғд ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
“Санаи 8-уми октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, А. Шукӯҳӣ то ҷамоати Ёва, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз ҳудуди ноҳияи Спитамен то ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои К. Хуҷандӣ, Р. Ҷалил, Сирдарё, роҳи маҳаллаи 28, чорроҳаи Чашма, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон муваққатан боз дошта мешавад”,-омадааст дар иттилоияи БДА.
Мақомот бо нашри ин эълон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудаанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои дар болозикргардида ҳаркати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор аст, санаҳои 7 ва 8-уми октябр, баъд аз силсилаи сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии вилоятҳои Бадахшону Хатлон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар таҷлили Ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба вилояти Суғд низ ояд.
Лентаи хабарҳо
0