Ба миллионҳо кӯдаки афғонистонӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

© AFP 2021 / Noorullah ShirzadaАфганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Дар Афғонистон аксари кӯдакони то 5-сола аз норасоии ғизо шадидан ранҷ мебаранд
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Интизори меравад, то охири соли равон шумораи кӯдакони аз норасоии ғизо ранҷкашида ба 3,2 миллион нафар расад, хабар медиҳад СММ.
Ба гузориши созмони мазкур, дар сурати дарёфт накардани кумаки саривақтӣ шумораи зиёди кӯдаконро марг интизор аст.
Гуфта мешавад, феълан 14 миллион нафар дар Афғонистон дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, ғизо ва хадамоти оддии тиббӣ надоранд. Ин ҳолат пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи август боз печидатар шуд.
Боевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад
Чанде пеш намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Эрве Людовик де Лис ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ Мэри Эллен МакГроарти бо як сафари дурӯза ба шаҳри Ҳирот рафтанд ва ба гуфтаи онҳо, ин кишвар дар вазнинтарин ҳолат қарор дорад ва муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона аст.
Бар асоси таҳқиқоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 95 дарсади хонаводаҳо дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала