Обуҳавошиносон: Дар баландиҳои зиёда аз се ҳазор метр боришоти борон ва барф дар назар аст

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанГоры в Нурободском районе Таджикистане
Горы в Нурободском районе Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ Тоҷикистон пешгӯи кардааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, аммо бебориш мешавад.
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик, ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 11 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 5 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Замерзшие яблоки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад
Дар вилояти Хатлон бошад ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала