Ранҷиш: НАТО метавонад яке аз қудратҳои низомии нерӯмандтарини дунёро аз даст диҳад

Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Пас аз як таниш дар равобити Вашингтону Париж дар бораи хуруҷи Фаронса аз НАТО афкоре ба вуҷуд омада.
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik, Ксения Мелникова. Вазъ бо занги Ҷо Байден каме тағйир ёфт. Аммо Эммануэл Макрон мехоҳад пас аз Ангела Меркел раҳбари Иттиҳоди Аврупо шавад ва аз ин рӯ мавзӯи истиқлоли стратегиро таблиғ мекунад. Фаронсавиҳо тасмим гирифтаанд, ки манофеи худро ҳифз кунанд, аммо дар робита ба ин дигар муттаҳидони онҳо дар Аврупо метавонанд эшонро халал расонанд.

Вақти хуруҷ расид

Фаронсаро лозим аст, ки "ба рӯъёпардозӣ хотима диҳад" ва аз НАТО хориҷ ва ба “маркази беҳтарин таҷриба” мубаддал шавад. Ба ин вакили Маҷлиси миллӣ, сардори ҷиноҳи чапгарои "Фаронсаи саркаш" Жан-Люк Меланшон ба ин андеша бовар дорад. Ӯро раҳбари Анҷумани миллӣ Марин Ле Пен дастгирӣ мекунад. Нописандӣ ба Амрико рақибони сиёсиро муттаҳид кард.
Аз мавзеъгириҳо дарк мешвад, ки ҷанҷоли дипломатии байни Фаронса ва ИМА дар авҷ аст. Ҷумҳурии панҷум ранҷид, вақте ки Австралия шартномаи калони сохтмони 12 киштии зериобиро бо ширкати “Naval Group”-и Фаронса лағв кард, киштиҳои зериобии атомии Амрикоро бартарӣ дод. Гузашта аз ин Австралия, Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир як иттиҳоди нави AUKUS дар соҳаи дифоъ ва амниятро эълон карданд. Фаронса на танҳо ба он даъват нашудааст, балки аз он огоҳ ҳам набуд. Аммо Париж худро як бозигари муҳим дар баробари Амрико дар минтақаи уқёнуси Ором медонист.
Имитация похорон Великобритании, НАТО и США в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Издиҳом тобут мебарад: Толибон* маросими бузурги "дафн"-и НАТО баргузор кард - видео
Барҳам хӯрдани қарордоди 56-миллиардевроӣ барои Фаронса зарбаи сахт буд. Ин кишвар мутмаин аст, ки "корд аз қафо", "торсакӣ"-и Амрико равобити Парижу муттаҳидони англсаксонҳоро зери суол мебарад ва "ба пайомадҳои вазнин дорад.
Фаронса сафиронаш дар Австралия ва Амрикоро бозхонд. Вазири дифои Фаронса Флоренс Парли гуфт, ки Вашингтон кайҳо боз ҳамчун шарики боэътимод нодида гирифта мешавад. Ва Эммануэл Макрон таҷлили муштараки Фаронса ва Амрико аз 240-умин солгарди ҷанги баҳрии Чесапик лағв карда, аз ширкат дар ҳамоиши демократҳо, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи декабр баргузор хоҳад кард, даст кашид. Президент пинҳон намекунад: ӯ он ҳодисаро ҳамчун як ранҷиши шахсӣ қабул карда, бинобар ин ният дорад, андеша кунад, ки оё минбаъд дар НАТО мондан маънӣ дорад ё на.
Таърихи Фаронса мисолҳои монанд ба инро шоҳид буда. Дар соли 1966 Шарл де Голл ин кишварро аз сохторҳои низомии эътилоф хориҷ кард ва онро танҳо дар сохторҳои сиёсӣ боқӣ гузошт. Ва ин кишвар танҳо дар соли 2009, замони раёсатҷумҳурии Николя Саркози ба ин созмони низомӣ баргашт. Дар омади гап, он гоҳ сотсиалистҳо бар зидди ин иқдом баромаданд. Онҳо ба Маҷлиси миллӣ намоянда фиристода, ба ин васила ҳушдор доданд, ки узвият дар НАТО "боиси вобастагӣ аз Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд".

Ҷабҳаи муттаҳиди зидди ИМА

Дар ин таниш Иттиҳоди Аврупо канори Фаронса буд. Брюссел возеҳ кард, ки нақзи созишнома бо Париж мушкили тамоми ин иттиҳод аст. Кӯшишҳои Байден барои оштӣ бо муттаҳидони аврупоӣ, ки дар замони раисҷумҳури қаблии Амрико рӯи кор омада буд, ҳадар рафт. Ҳоло раҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел қайд мекунад, ки Вашингтон шарики боэътимод нест, ба он камтар такя кардан ва зарфияти дифоии худро тақвият кардан лозим аст.
Брюссел аз замони хеле пеш орзуи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи соҳибихтиёрро дошт. Аммо ҳич масъалае берун аз тарҳ нахоҳад буд: одатан Лаҳистон, Бритониё ва кишварҳои Балтика мухолифи ин иқдоманд. Худи Иёлоти Муттаҳида ҳам бо сабабҳои маълум ин идеяро дастгирӣ намекунад, зеро ин аз таъсири Амрико дар Аврупо мекоҳад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Аммо шароити феълӣ метавонад беҳтарин фурсат барои пешрафт бошад, менависад рӯзномаи бритониёии “The Telegraph” ва ба навиштаи рӯзнома, Макрон беҳтарин номзад ба унвони раҳбари ин ҳаракат аст. Аз мақоми канслери Олмон рафтани Ангела Меркел ба президенти Фаронса имкон медиҳад, ки дар Иттиҳоди Аврупо шахси рақами аввал шавад, аз ин рӯ ғояи ҳамгироии низомиро тарғиб мекунад.
Аз 1 январ Фаронса раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба уҳда мегирад. Соли оянда як нишаст дар бораи масъалаҳои мудофиа баргузор мешавад, ки аврупоиҳо тасмим доранд, дар он дар бораи нерӯҳои вокуниши сареъ тасмим гиранд.

Омодагии пешазинтихоботӣ

Дар ҳамин ҳол дар Фаронса маъракаи пеашазинтихоботӣ барои интихоби президент аллакай оғоз шудааст. Интихобот пас аз ҳафт моҳ баргузор мешавад. То кунун номзадҳои эҳтимолӣ Макрон, Меланшон ва Ле Пен, инчунин рӯзноманигор ва сиёсатшинос Эрик Земмур ба ҳисоб мераванд. Вай аллакай дар мубоҳисаҳои телевизионӣ ширкат варзидааст, аммо ҳанӯз тасдиқ накардааст, ки ба ин сабқат ҳамроҳ мешавад ё на.
"Қадамҳои кунунии сиёсати хориҷии Макрон ба маъруфияти ӯ чизе зам накардааст. Аммо то ҳол ӯ дар пурсишҳои афкори умум дар сафи пеш аст. Дар кишвар мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, аксари ислоҳот татбиқ нашуданд ва президент кӯшиш хоҳад кард, то ҳадди ақал аз “корти бурд”-и дохилӣ кор бигирад”,-гуфт пажуҳишгари Институти Аврупои Академияи илмҳои Русия Сергей Федоров.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
"Шикасти аср": НАТО худро гӯр мекунад
Андрей Кортунов, мудири кулли Шӯрои корҳои байналмилалии Русия бо ӯ ҳамфикр аст: "Дар робита ба ҳалли мушкилоти дохилӣ тақрибан муваффақ набудааст. Ӯ мехоҳад ин мушкилотро бо муваффақиятҳои сиёсати хориҷӣ ҷуброн кунад, зеро мақоми давлати абарқудрат барои раъйдиҳандагони фаронсавӣ ибораи хушку холӣ нест".
Ҳоло шароит барои Париж мусоид аст. "Пас аз хуруҷи Бритониё Фаронса ягона қудрати ҳастаӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва ягона узви Шӯрои Амнияти СММ аз ИА боқӣ мондааст. Ин вазъ ба ҷоҳталабии Фаронса доман мезанад. Макрон тасодуфан нагуфтааст, ки дар шароити муайян ӯ метавонад шарикони Иттиҳоди Аврупоро бо як зарродхонаи ҳастаии Фаронса табдил диҳад”,- шарҳ дод коршинос.
Аммо айни замон Кортунов итминон дорад, ки сарфи назар аз шиддат ёфтани муносибатҳо вазъи 50 соли пеш такрор ва Фаронса ҳамоно аз НАТО хориҷ нахоҳад шуд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аллакай ба Париж парвоз кардааст ва сафири Фаронса Филипп Этен ба Вашингтон рафтааст. Дар ҳамин ҳол ин кишвар интизори ҷуброни зарари расонидашуда, аз ҷумла хисороти маънавиро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала