Русия ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад

© Министерство экономического развития и торговли Республики ТаджикистанПодписание меморандума между Ассоциацией кластеров, технопарков и ОЭЗ России и Свободными экономическими зонами Таджикистана
Подписание меморандума между Ассоциацией кластеров, технопарков и ОЭЗ России и Свободными экономическими зонами Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Масъулини Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ёддошти тафоҳум байни Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ёддошти тафоҳумҳо, ки бо минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара", "Суғд", "Кулоб", "Панҷ" ва "Ишкошим" имзо гардиданд, заминаи хуб барои рушди ҳамкорӣ мебошанд.
Манбаъ афзуд, Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба намояндагони анҷуман барои корбарӣ дар ҷиҳати тақвият додани минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ изҳори сипос кардааст.
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2019
Тавлидот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ: “Суғд” пешсаф, “Данғара” дар ҷои дуюм
Шпиленко Андрей, роҳбари Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия аз натиҷаи таҳлилҳои гузаронидааш дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро ироа кардааст. Вазорат мегӯяд, Шпиленко фикру ақидаҳои худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён дошт.
Ҳайати мутахассисони Русия аз 29 сентябр то 6 октябр дар Тоҷикистон қарор дошта, бо масъулину коршиносони тоҷикистонӣ дар мавриди роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ, андозбандӣ, ташкили равзанаи ягона ва дигар бахшҳои кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ машваратҳо додаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала