Талоши Қирғизистон барои ворид кардани барқи Тоҷикистон

ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Ҳайати Қирғизистон ҳанӯз ҳам дар Душанбе қарор дорад ва музокира миён ин ду кишвар дар масъалаи интиқоли нерӯи барқ идома дорад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Қирғизистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ музокира мекунанд, хабар медиҳад "Кабар" бо такя ба Вазорати энержии он кишвар.
Ба гуфтаи сардори раёсати барқи Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, Айбек Айдаралиев, ҳайати Қирғизистон то ҳол дар Душанбе қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи таъминот пас аз бозгашти намояндагони Вазорати энергетика ба Бишкек рӯшан хоҳад шуд.

"Маълум нест, ки шартномаи таҳвили барқ таҳия мешавад ё на. Ҳамчунин ҳаҷми барқи интиқолёфта ва арзиши он низ номаълум аст. Ҷузъиёти ин масъала танҳо пас аз бозгашти намояндагони Қирғизистон аз Душанбе рӯшан мешавад",-изҳор доштааст Айдаралиев.

Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки то ҳол нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя фурӯхта намешавад
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли ногаҳонии барқ ​​ба Қирғизистонро шарҳ дод
"Ҷараён тибқи усули мувозинати тавозуни ҷараёни барқ ​​дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад",-омада буд дар хабари вазорат.
Ин дар ҳолест, чанде пеш хабар дода шуд, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон оғоз шуда, ҳаҷми он дар як шабонарӯз 1,2 миллион кВт-соатро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала