"Толибон"* барои пардохти маоши кормандон комиссия таъсис додаанд

© AP / Allauddin KhanМужчина держит в руках деньги, афгани
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Дастгоҳи ҳукумати эълонкардаи "Толибон"* комиссияи махсуси пардохти қарзи маоши кормандони давлатиро таъсис додааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Комиссияи пардохти қарзи маоши кормандони давлатиро Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати "Толибон"* роҳбарӣ мекунад.
Аҳмадҷон Аҳмадӣ, роҳбари дастгоҳи ҳукумати "Толибон"* бо нашри иттилоияе дар мавриди ин комиссия гуфт, ба ҳайати он дар баробари ноиби сарвазир инчунин вазирони молия ва алоқа, раиси Бонки марказӣ ва шаҳрдори Афғонистон ворид шудаанд.
Аҳмадӣ таъкид кардааст, ки қарзи маоши кормандони давлатӣ дар Афғонистон айби мақомдорони ҳукумати қаблӣ мебошад, чун дороии давлатро аз худ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар навбати аввал қарзи маоши кормандони бахшҳои маориф, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ, молия ва хоҷагии қишлоқ пардохт мешавад ва феълан ин раванд ҷараён дорад.
Боевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала