Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ӯзбекистон ИМА-ро ба Афғонистон "роҳ" намедиҳад

CC BY 2.0 / The U.S. Army / M1A2 Live-FireАмериканский танк M1A2 Abrams
Американский танк M1A2 Abrams - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Пештар нашриёти "Politico" хабар дода буд, ки Вашингтон барои ҷой додани ҷангафзорҳои худ дар ҷиҳати гузаронидани амалиёт дар Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтушунидеро оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон бо ИМА барои ҷойгир кардани пойгоҳи низомиаш дар ҷиҳати роҳандозии амалиётҳо дар Афғонистон гуфтушунид накардааст.
Дар ин бора Содиқ Сафаров, муовинии аввали раиси Сенати Ӯзбекистон дар суҳбат бо "РИА Новости" иттилоъ дод.

"Не, чунин гуфтушунидҳо вуҷуд надоранд",-гуфт Сафаров дар посух ба суоли марбути ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ӯзбекистон.

Ӯ афзуд, ки Ӯзбекистон наметавонад чунин гуфтушунид дошта бошад, чун "қонунгузорӣ инро иҷозат намедиҳад".
Учения Коллективных сил быстрого развертывания Центральноазиатского региона коллективной безопасности ОДКБ в Иссык-Кульской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
СААД дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон тамриноти низомӣ мегузаронад
Қаблан "Politico" бо истинод ба сенаторҳои амрикоӣ хабар дода буд, ки Вашингтон музокиротро бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави худ барои амалиёт дар Афғонистон оғоз кардааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Ӯзбекистон изҳор дошт, ки қонунгузории низомии кишвар ба мустақар кардани пойгоҳҳо ва иншооти низомии хориҷӣ дар қаламрави онро иҷозат намедиҳад.
Военные вертолеты США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Низомиёни амрикоӣ барои кӯчидан ба наздикиҳои Русия омода мешаванд
Аммо коршиносон муътақиданд, ки ҷойгиркунии иншооти низомӣ дар Осиёи Марказӣ маънои эҷоди "мушти қудратӣ" алайҳи Русия ва Чинро дорад.
Чунин назарро сиёсатшинос Никита Мендкович изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, Амрико талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба як бозии нопок кашад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала