Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСбор хлопка, архивное фото
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Вазорати кишварзӣ эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишварзӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Таъкид шудааст, ки ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Фавти Собирова пас аз чидани 70 кило пахта дар як рӯз: бегоҳ дилаш аз кор монд
Вазорати кишварзӣ қайд кардааст, ки дар соли 2021 дар кишвар аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.
Пахтачинон барои 1 кило пахтаи ҷамъоваришуда 1 сомонӣ (соли гузашта 50 дирамро ташкил медод) мегиранд.
Дар ҳамин ҳол қайд карда шудааст, ки худи фермерҳо бо ширкатҳои харидор пахтаро бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0