Зери об ва ноаён: Мушаки фавқ-ус-садои "Сиркон"-и Русия ба чӣ қодир аст?

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксИспытание гиперзвуковой ракеты "Циркон"
Испытание гиперзвуковой ракеты Циркон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Мушакҳои фавқ-ус-садои "Сиркон" ба Русия кумак мекунанд, ки дар ҳақиқат соҳибихтиёр ва мағлубнашаванда боқӣ бимонад.
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik.Саноати дифоии Русия як инқилоби илмӣ-техникӣ ва як маҷмӯаеро ба вуҷуд овард, ки дар ҷаҳон, пеш аз ҳама дар таҳаввулоти Ғарб дар соҳаи фавқ-ус-садоӣ мисли он дида намешавад.
4 октябр киштии зериобии ҳастаии "Северодвинск" дуюмин бор муваффақ ба партоби мушаки болдори фавқ-ус-садоии "Сиркон" дар баҳри Сафед ба ҳадафи шартӣ дар баҳри Баренс, аз мавқеи зериобӣ, дар умқи тақрибан 40 метр шуд. Каме пештар экипажи киштии зериобӣ шиллики озмоиширо аз рӯи замин анҷом дода буд.
Малый ракетный корабль Гейзер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Як мушак кифоя аст: нерӯҳои баҳрии Русия бо "силоҳи қотил" мусаллаҳ мешавад
Чунин амал аз пешрафти технологӣ ва як рӯйдоди муҳим дар таърихи нерӯи баҳрии Русия, муқовимат ва муътамад будани охирин системаи мӯшакии "Сиркон" ҳикоят мекунад.
"Сиркон" дақиқзан ва дорои суръати фавқулоддо буда, дар шаш дақиқа ва дар фосилаи 1000 км дар баҳру хушкӣ ҳадафҳои эҳтимолиро мунҳадим месозад. Киштии зериобӣ бо мӯшаки "Сиркон" қодир аст, бидуни хатари ошкор шудан барои душман аз масофаи 1000 км ба ҳама ҳадаф зарба занад.
Таҳвили "сиркон”-ҳо ба нерӯи баҳрии Русия соли 2022 оғоз мешавад. Дар ҳамоиши байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2021" дар моҳи август Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия шартномаеро имзо кард, ки то соли 2025 ҳисоб карда шуд (дигар хусусиёти он ифшо нашуданд). Фармоишгари асосии маҷмааи “Сиркон” Флоти баҳрӣ аст, аммо дар оянда тағйироти заминӣ низ дар назар аст.
Нашрияи “Military Watch” тасреҳ кард, мушакҳои болдори “Ясен” қудрати артишро дар ҷиҳати аз байн бурдани киштиҳои ҳавопаймобари Амрико тақвият медиҳад. Қаблан адмирали амрикоӣ Чарлз Ричард қайд карда буд, ки мӯшакҳои фавқ-ус-садои Русия хатари ҷиддӣ доранд, зеро системаҳои муосири дифоии ҳавоии ИМА ҳатто онҳоро пайгирӣ карда наметавонанд.
Кӯшиши нерӯҳои баҳрии ИМА барои эҷоди маҷмӯи киштиҳои ҷангӣ дар ҷиҳати пайваста назорат кардани "фаъолияти зериобии Русия дар Атлантика" номуваффақ ба назар мерасад. Ин номувуффақ хоҳад буд, зеро киштиҳои зериобии лоиҳаи “Ясен-М” хеле ором, ҳассос ва сареъ мебошанд. Қаблан маллоҳони низомии ИМА дар тӯли чанд ҳафта дар уқёнуси Атлантика “Северодвинск”-ро пайдо карда натавонистанд.

Бартарии ҷангӣ

Мӯшаки болдори “Сиркон” аввалин бор дар ҷаҳон парвози тӯлонии фавқ-ус-садоӣ ба тӯли зиёда аз 1000 км, бо суръати тақрибан 10 ҳазор км-соат, бо маневр дар қабатҳои зичи атмосфера (аз сабаби фишори муҳаррики худ) анҷом дод. "Сиркон”- ҳои болдор барои исобати ҳадафҳо дар обу хушкӣ муттаҳид карда шудаанд, ки барои партофтан аз маҷмӯаҳои киштии “3S14” мутобиқанд.
Санҷишҳои тарҳҳои парвози мушаки фавқ-ус-садои "Сиркон" аз партобгоҳи рӯизаминӣ дар охири моҳи сентябр бомуваффақият анҷом ёфтанд. Дар миёнамуддат нуҳ киштии зериобии тарҳи ҳастаии “885 M Ясен –М”, киштии зериобии “Иркутск” ва киштии мӯшакии "Адмирал Нахимов" бо “Сиркон” муҷаҳҳаз карда мешаванд.
Учения корабельных сил Каспийской флотилии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2020
Чӣ тавр ракетаҳои “Сиркон” -и Русия тавозуни низомӣ дар уқёнусро тағйир медиҳанд
Фармондеҳи Фармондеҳии стратегии қувваҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Чарлз Ричард пешсафии Федератсияи Русияро дар робита ба аслиҳаи фавқ-ус-садо аллакай эътироф кардааст. “National Interest” пештар хабар дода буд, ки “Северодвинск” бо 32 мӯшаки болдори канории “3М-14К”, дорои қутри ҳастаӣ ё муқаррарӣ бо бурди зиёда аз 2500 километр мусаллаҳ аст ва "ба қаламрави асосии Иёлоти Муттаҳида таҳдид мекунад".
Ҳадафи асосии "Ясен"-ҳо ҳамроҳӣ кардани киштиҳои зериобии навъи "Оҳайо" дар минтақаи посбонии ҷангӣ ва гурӯҳҳои зарбазани ҳавопаймоҳои кишварҳои ҳастаии НАТО аст.
“Сиркон”-и фавқ-ус-садо пеш аз ҳама қобилияти зарбанзании Амрикоро маҳдуд мекунанд. Амрико танҳо дар ҳолати иҷрои амалҳои таҷовузкоронаи Пентагон бар зидди Русия осеб мебинад.
Дар ҳамин ҳол, Русия таҳкурсии як флоти зериобии атомии насли панҷумро бо силсилаи нави силоҳ ва василаҳои пешрафта поя мегузорад.

Масъалаҳои фавқ-ус-садоӣ дар ИМА

Мӯшакҳои фавқ-ус-садои Русия "Авангард", "Ханҷар", "Сиркон" бидуни мушкил размоиш анҷом медиҳанд. Макетҳои амрикоӣ бо даъвоҳои фавқ-ус-садоӣ аллакай оғоз мешаванд, аммо ҳоло парвоз намекунанд. Як силсила озмоишҳои ноком дар доираи силоҳи вокуниши фаврӣ ва фавқ-ус-садои ҳаво ба ҳаво ба назар мерасад. Консепсияи силоҳи ҳаво ба ҳавоии фавқ-ус-садо дар 20 сентябр муваффақ шуд. Бори аввал дар ҳашт сол суръати дастгоҳи амрикоӣ ба ҳадди фавқ-ус-садоӣ расид, аммо манёвр ва масофаи киштӣ бо воситаҳои объективии назорат тасдиқ карда нашудааст.
Агентии лоиҳаҳои пешрафтаи тадқиқотии мудофиа (DARPA) ягон ҷузъиётро дар ин замина ифшо накард. Сухангӯи DARPA гуфт, ки озмоишҳои нав дар охири сол баргузор мешаванд. Коршиносони хориҷӣ ба ин муваффақият шубҳа доранд.
Запуск космического корабля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Чаро мушакҳои фаросадоии Русия ба корбурди ҳавопаймоҳои Амрико халал мерасонанд
Қабули як мушаки фавқ-ус-садо ба хидмат дар Иёлоти Муттаҳида то ҳол мавриди баҳс қарор нагирифтааст. Пентагон ба мушаки “Lockheed Martin & Fire Control AGM-183A ARRW” даъвои калон дорад. Маҳсулоти “AGM-183A” ягон парвози бомуваффақият анҷом надодаанд, таҳлили озмоишӣ дар моҳи июл ноком шуд.
Нерӯҳои ҳавоии ИМА аз буҷаи соли 2022 барои озмоиши 12 мушак 161 миллион доллар дархост кардаанд. Вазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Франк Кендалл аз "суръати пешрафт" ва ҳатто дараҷаи фаҳмиш норозӣ аст.
Мунсифона бояд гуфт, дар мусобиқаи марбут ба силоҳ Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки аз ақибуфтодагии худ дар баробари Русия, Чин ва ҳатто Кореяи Шимолӣ бикоҳад. Аммо хушбинии амрикоӣ ҳадду канор надорад, Локҳид Мартин аллакай дар Алабама як корхонаи мӯшаки ҳавоии фавқ-ус-садо –AGM-183A (ARRW) -ро ифтитоҳ мекунад. Ин амал мантиқи худро дорад: "ҳавопаймо”-и нотамоми "Ф-35" бояд мӯшаки "фавқ-ус-садо" дошта бошад, ки онро низ муттаҳидон ва шарикони ИМА мехаранд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед: https://t.me/AKhrolenko
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала