Ашки раисҷумҳур зимни ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" - видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар наздикии Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд муҷассамаи "Дуо модар" рӯнамоӣ карду ашк рехт
Раёсати Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар”-ро чун рамзи қадршиносии модари тоҷик бунёд кардааст.
Пайкараро Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳайкалтарош омода карда, дар пояи он манзараҳои биҳишт тасвир ёфтаанд, ки ба маънои "биҳишт зери қудуми модарон аст".
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, массамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метр аст.
Саҳни муҷассамаи “Дуои модар”-ро фаввораҳои чароғон ва гулгашт оро додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба шахсоне, ки дар ободии ин гӯшаи диёр саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ин амалашонро шоистаи таҳсин номидааст.
Лентаи хабарҳо
0