"Кӯдаконро нагузоред, аз хона бароянд": Ҳушдори КҲФ аз 4 рӯзи сарду боронӣ

CC BY-SA 2.0 / Mark Ordonez / IMG_1028Дети играют под дождем, архивное фото
Дети играют под дождем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
КҲФ ҳушдор медиҳад, давоми чанд рӯзи оянда дар минтақаҳои кӯҳӣ вазиши боди шадид дар назар аст. Аз ин рӯ кумита аз сокинон хоҳиш намудааст, ки кӯдаконро нагузоранд, то дар ҳавои номусоид аз хона берун раванд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 8 то 11 октябр ҳаво сард мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ вазиши шамоли сахт дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол КҲФ шаҳрвандони ҷумҳуриро аз ҳавои номусоид хабардор карда, зикр намудааст, ки дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 12 метр дар як сония хоҳад расид. Илова бар ин боридани борон ва дар баландкӯҳҳо резиши барфи тар дар назар аст.
КҲФ аз боди шадид ва резиши барфу борон ҳушдор медиҳад
КҲФ ба сокинон тавсия додааст, ки ҳангоми шамоли сахт аз хонаҳои худ берун набароянд.

"Муҳимтар аз ҳама ба кӯдакон таваҷҷуҳ намоед ва нагузоред, ки онҳо дар чунин боду ҳаво берун раванд. Агар зарурати рафтан шуд, ҳатман калонсолон онҳоро бояд ҳамроҳӣ кунанд",-таъкид мешавад дар хабари кумита.

Дар идома кумитаи мазкур ронандагонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, хотиррасон намудааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ҳангоми аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, фосилаи байни мошинҳо ҷиддан риоя карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала