Миллионҳои пурасрор: ИМА фирори Ғанӣ аз Афғонистонро таҳқиқ мекунад

© REUTERS / OMAR SOBHANI Ашраф Гани президент Афганистана
 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
ИМА маълумот дар бораи фирори Ғанӣ аз Афғонистон бо миллионҳо долларро тафтиш мекунад, зеро ин ҳанӯз расман исбот нашудааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мақомоти ИМА маълумот дар бораи рабуда шудани миллионҳо доллар аз ҷониби президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ пеш аз забти кишвар аз сӯи"Толибон"*-ро меомӯзанд, хабар медиҳад "РИА Новости".
Нозири кулли ҳукумати ИМА дар бораи таҷдид дар Афғонистон Ҷон Сопко гуфтааст, ки ӯ ҳама маълумотро дар бораи ин парвоз ва ҳамчунин бо пул тафтиш мекунад.

"Мо инро ҳанӯз исбот накардаем, аммо мо ин маълумотро меомӯзем. Аз Кумитаи назорат ва ислоҳот (Палатаи намояндагони ИМА) инро аз мо пурсиданд ",-гуфт Сопко ҳангоми ҷаласае дар Кунгура.

Қаблан раисҷумҳури собиқ иттиҳомот дар бораи берун бурдани маблағи зиёди шаҳрвандони Афғонистонро рад карда буд. Ҳол он ки гуфта мешуд, ӯ аз хазина 169 миллион долларро дуздидааст.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Ҷузъиёти нави фирори Ғанӣ аз Афғонистон маълум шуд
Манбаъҳои гуногун, аз ҷумла васоити ахбори омма, сиёсатмадорон ва "Толибон"* Ғаниро ба дуздии пул муттаҳам карда, аз ӯ хостаанд, ки ҳама маблағҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаашро баргардонад.
Ҳамзамон котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен низ қаблан изҳор дошт, ки мақомоти Амрико дар бораи фирори Ғанӣ бо миллионҳо доллар маълумот надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.
* -созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала