"Дар ҳалқаи дӯстону пайвандон": Песков гуфт, Путин чӣ гуна мавлудашро ҷашн мегирад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин посетил международный детский центр "Артек"
Президент РФ В. Путин посетил международный детский центр Артек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Кишвардори Русия Владимир Путин рӯзи 7 октябр ба синни 69 -солагӣ расид. Сухангӯи ӯ, Дмитрий Песков шарҳ дод, ки чӣ гуна Владимир Путин мавлуди худро ҷашн мегирад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин имрӯз ҷашни мавлуд дорад. Президент 69-сола шуд.
Бобати чӣ гуна таҷлил шудани солрӯзи президент, сухангӯи ӯ Дмитрий Песков шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, роҳбари Русия бо вуҷуди ҷашни зодрӯзаш, нақшаҳои корӣ дорад ва аксар вақт саргарми чорабиниҳои корӣ мешавад.
"То ҷое ки ман медонам, ӯ бо вуҷуди зодрӯзаш нақшаҳои корӣ дорад.Аксар вақт чорабиниҳои корӣ мегузаронад. Вале ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки ҳадди ақал бегоҳ ӯ бо оила ва дӯстонаш ҷашн мегирад", - тавзеҳ дод Песков.
Зимнан, дар посух ба суоле, ки худинзивоъ ба таҷлили зодрӯзи президент таъсир мерасонад ё не, Песков гуфт: "Не, ҳоло зарурати худинзивоъ вуҷуд надорад".
Песков гуфт, Путин чӣ гуна мавлудашро ҷашн мегирад
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш, раисҷумҳури Русия бинобар тамос доштан бо нафарони гирифтори коронавирус ба инзивоъ рафт ва маълум набуд, ки қарантини ӯ то ҷашни мавлудаш идома мекунад ӯ хайр.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала