Раҳмон омори камбизоатӣ дар се вилоятро гуфт: аз ҳама кам дар Суғд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Бар асоси омори камбизоатӣ дар се вилояти Тоҷикистон сатҳи аз ҳама пасти камбизоатӣ дар вилояти Суғд мебошад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, зикр намуд, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Суғд 73 дарсадро ташкил медод.
Раисҷумҳур дар мулоқот бо фаъолони Хуҷанд таъкид намуд, ки дар соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ба 15,4 фоиз расидааст. Ӯ чунин поинравиро дастоварди хеле назаррас арзёбӣ кардааст.
Бар асоси омори камбизоатие, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои ахираш ба се вилояти кишвар баён дошт, мизони аз ҳама баланди камбизоатӣ дар Хатлон боқӣ мондааст.
Ифтитоҳи маҷмааи Дуои модар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Ашки раисҷумҳур зимни ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" - видео
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон аз 91 фоизи соли 1999 ба 32,8 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст. Ӯ дар мулоқот бо фаъолони Хатлон таъкид намуд, ки ин нишондод ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дастур дод, ки барои боз ҳам паст кардани он тамоми имкониятҳо сафарбар шаванд.
Раисҷумҳур дар ВМКБ изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст гардидааст.
Таъкид шуд, ки талошҳо барои поин бурдани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0