Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

© Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи фаъолшавии амалҳои террористии гурӯҳи ДИИШ* дар Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки Маскав аз афзоиши фаъолиятҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”* дар Афғонистон нигарон аст.

"Мо аз афзоиши фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ* дар Афғонистон нигарон ҳастем",-гуфт хонум Захарова.

Ба гуфтаи вай, ахиран террористони ДИИШ дар наздикии масҷиде дар маркази Кобул як ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом дод, ки дар натиҷаи он 20 сокини маҳаллӣ кушта ва беш аз 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Дар ҳоли ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Русия омодааст, иқдом кунад
Вай қайд кард, ки Давлати исломӣ амалиёти ҷангиро дар ҷануби кишвар низ афзоиш додааст.
Мария Захарова инчунин нигаронии Русияро аз афзоиши амалиётҳои ҷангҷии ДИИШ* дар наздикии сафорати Русия дар Кобул баён кард.

“Мо аз мақомоти Афғонистон даъват мекунем, ки барои таъмини амнияти намояндагии дипломатӣ ва ҳамчунин шаҳрвандони Русия дар Афғонистон чораҳои иловагӣ андешанд”,-гуфт намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия.

Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Дар миёнаҳои моҳи август гурӯҳи “Толибон”* тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
Он замон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки онҳо ният надоштанд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала