Соҳибкорону фаъолони деҳа кӯдакистон сохтанду Президент ифтитоҳаш кард

© Sputnik / Стас ЭтвешОформление детского сада, архивное фото
Оформление детского сада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Соҳибкорону фаъолони деҳаи Баҳористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистоне бо арзиши 1,8 миллион сомониро сохтаанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифода қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи Баҳористон бунёд шуда, дар он 160 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки дар ин муассиса 25 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Даъвати омӯзгорон аз Русия ба мактаби навбунёд дар Суғд
Сохтмони ин муассиса аз ҷониби Ҳусейн Ғиёсиддинов ва Абдуманнон Абдусатторов аз моҳи июли соли 2019 оғоз шуда, бо харҷи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар арафаи 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба анҷом расонда шуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки то ҳол дар деҳаи Баҳористон ягон кӯдакистон мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба маркази ҷамоат ва кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои ноҳия мебурданд.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 кӯдакистон фаъолият дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала