Дар ҳоли ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Русия омодааст, иқдом кунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия омодааст, дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон иқдом кунад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки кишвараш дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон иқдом хоҳад кард.

"Дар сурати ташаннуҷи воқеии вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон Русия иқдоми қатъӣ хоҳад кард”,-гуфт хонум Захарова дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи вай, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи домии онҳо қарор дорад.
“Маскав ва Душанбе тавассути ниҳодҳои дифоӣ, хадамоти сарҳадӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ҳамеша дар тамос ҳастанд”,-илова кард намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
Захарова ҳамчунин афзудааст, ки пойгоҳи низоми 201-и Русия, ки дар ду шаҳри Тоҷикистон ҷойгир аст, бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, то дар сурати ташаннуҷи вазъ аз тарафи Афғонистон чораҳои қатъӣ андешад.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ қайд карда буд, ки Маскав аз хабарҳо дар бораи кашонидани нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август гурӯҳи “Толибон”* тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Он замон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки онҳо ният надоштанд, ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала