Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад

© AFP 2021 / JACK GUEZАмпулы с вакциной Pfizer
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Интизор меравад, дар ин моҳ ба Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус ворид гардад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар ин моҳ қарор аст, Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи бемории коронавирус дастрас кунад.
Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, тавзеҳ дод, ки ваксина аз кадом давлатҳо ворид мешавад.
Бинобар иттилои ин ниҳод, дар моҳи октябр 500 ҳазор воя ваксинаи истеҳсоли аврупоии "AstraZeneca" ва 302 ҳазор воя доруи сохти чинӣ - "CoronaVac" ворид мешавад. Алъон корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои ворид намудани ин миқдор ваксина идома дорад.
Вакцина на фоне флага Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Намояндаи СҶБ: Эҳтимол ба Тоҷикистон ваксинҳои муҳлати истифодаашон гузашта интиқол ёбанд
Қаблан дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон 4 861 540 воя ваксин фиристода шуд ва маъракаи ваксиназании шаҳрвандон ҷараён дорад.
Вазорат мегӯяд, ваксиназанӣ феълан бо 5 навъ дору, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала