"Толибон"* аз талошҳои дипломатӣ барои рафъи танишҳо бо Душанбе гуфтанд

© REUTERS / STRINGERБоевики террористического движения "Талибан"
Боевики террористического движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Кобул барои ҳалли таниш бо Душанбе аз равиши дипломатӣ кор гирифтанист
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* аз талошҳои дипломатӣ барои рафъи танишҳо миёни Афғонистон ва Тоҷикистони хабар медиҳад.
Узви комиссияи фарҳангии вазорат Рӯҳуллоҳ Умар мегӯяд, Тоҷикистон ҳамсояи хуби Афғонистон аст ва Кобул иҷоза намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон дар баробари кадом як кишвари дигар истифода шавад, хабар медиҳад "TOLOnews".
"Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳама кишварҳо дар тамос аст ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои хуб кӯшиш мекунад. Иншооллоҳ, ҳама масъалаҳо бо Тоҷикистон баррасӣ мешаванд",-гуфтааст Рӯҳуллоҳ Умар.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Таассуфи Раҳмон аз ваъдахилофии "Толибон"* ва ишора ба ҷойгоҳи хоси тоҷикон дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки таниш миёни Душанбеву Кобул пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ба вуҷуд омадааст.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон мавқеи хос дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо қатъӣ таъкид карданд, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати ҳамашумул, бо ҳузури ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил карда шавад.
Ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси СММ гуфт, пас аз сари қудрат омадани ҷангиён вазъият харобтар шудаву онҳо ваъдаҳои додаашонро иҷро намекунанд.
Сарфи назар аз он ки қариб ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти навтаъйини Афғонистон чунин талаботро пеш гузоштаанд, “Толибон”* борҳо дар бораи Тоҷикистон изҳороти тунди сиёсӣ карда ва ҳамчунин дар бораи интиқоли нерӯҳои мусаллаҳ ба шимоли кишвар хабар дода мешавад.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Вазъ дар Афғонистон моҳи августи соли равон дар пайи ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* муташанниҷ шуд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳур истеъфо дода, аз Афғонистон фирор кард.
Аз оғози моҳи сентябр "Толибон"* ҳукумати худро эълон кард, ки он аз ҷониби ҷомеа на ҳамашумул, балки "паштуншумул" унвон гирифт ва то кунун ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала