“Даҳшати ногуфтанӣ”: инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Кундуз

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Теъдоди қурбониён ва захмиёни инфиҷори шадид дар шаҳри Кундуз, маркази вилояти ҳамном аз марзи 150 нафар убур кардааст
ДУШАНБЕ, 07 окт — Sputnik. Ин инфиҷор ҳаволии соати 13 ба 13.30 дар масҷиди Сайидободи шаҳри Кундуз иттифоқ афтод, ки дар пайи он теъдоди бузурге аз намозгузорон кушта ва захмӣ шуданд.
Шоҳ Валӣ, як сокини шаҳри Кундуз, шоҳиди саҳнаи пас аз инфиҷор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як марди интиҳории зоҳиран монанд ба ҳазораҳо дар миёни масҷид ҷой гирифта, худро инфиҷор медиҳад, ки дар пайи он даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд.
“Ин масҷид дар канори роҳи Кундуз – Хонобод ҷойгир буда, аксари намозгузорони он шиаҳои ҳазораву ғайриҳазора буданд ва барои адои намози ҷумъа омада буданд. Инфиҷор дуруст дар шурӯъи намози ҷумъа, вақте тамоми намозгузорон ба дуо будаанд, рух додааст”, - гуфт ӯ.
Ин нафар мегӯяд, замоне, ки ӯ ба масҷид омад, мардуми зиёд дар ҳоли фирор буданд ва афроди зиёде ҳам вориди масҷид мешуданд, то афроди зиндамондаро кӯмак кунанд.
Солдаты Талибана идут перед протестующими во время антипакистанской акции протеста в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Дипломати рус: "Толибон"* вазъро дар марзи Тоҷикистон назорат карда наметавонанд
“Ба ҳисоби худи ман теъдоди кушташудагон аз 40 нафар зиёд буд, ин ҳам дар ҳоле, ки аксари захмиёну никуштаҳоро берун бурда буданду боз мебурданд. Бархе афродро намешуд шиносоӣ кард. Бархе ҳам пора – пора шуда буданд, ки касе намефаҳмад теъдоди онҳо чӣ қадар аст. Ин як даҳшати ногуфтанӣ буд”, - гуфт Шоҳ Валӣ.
Дар ҳамин ҳол, Ҳамидуллоҳ, як нафари дигар, ки аз масҷиди дигар дар Сайидобод берун омада, ба ташвиқи имоми масҷид барои додани хун ба шифохонаи вилоятии Кундуз рафтааст, мегӯяд, теъдоди мардуми ҳозир дар саҳнаи маҳал хеле зиёд буд.
“Ҳама ҷо мотам аст. Нафаре гиряву нафаре даст ба дуо. Як маҳшар бапо шудааст. Аз як тараф захмӣ меоранд, аз дари дигар мурда берун мебаранд. Ин мардуми бечора ҳеҷ чорае надорад. “Толибон” ҳам намегузоранд, ки касе дохил равад. Теъдоди мардуме, ки хун эъто мекунанд, ҳам зиёд аст”, - гуфт ӯ.
Бино ба гузоришҳое, ки то ба ҳол расидааст, теъдоди кушташудагон аз 80 ва теъдоди захмиён аз 130 нафар гузашта, эҳтимоли афзудани кушташудагон аз ҳисоби захмиён вуҷуд дорад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
Ҳаракати “Толибон”* эълон кард, ки ин кори дасти ДИИШ* – и Хуросон аст. ДИИШ* қаблан ҳам ба масҷиду мактабҳои шиаҳо дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода буд, аммо ин гуруҳ то ба ҳол вокунише накардааст.
Дар ҳамин ҳол, ин дуввумин инфиҷор дар масҷидҳои Афғонистон аст, ки тайи як ҳафтаи ахир иттифоқ меафтад. Рӯзи якшанбеи 3 октябр як инфиҷор дар масҷиди Идгоҳи шаҳри Кобул низ иттифоқ афтод, ки ҳудуди 15 кушта ва 32 захмӣ ба ҷой дошт.
* - гурӯҳи террористии манмуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0